- мақсад
- [مقصد]а. қасд ва ирода, он чи ки матлуб аст, мурод, матлаб, ҳадаф, мақсуд; ният: мақсади асосӣ, мақсади ягона, бо мақсади нек (ё бад); мақсад доштан, мақсади хуб (ё нопок) доштан, мақсади аслиро фаромӯш кардан, мақсадро баён кардан, мақсади касеро фаҳмидан, асли мақсадро фаҳмидан, аз мақсад дур шудан, аз мақсади касе пай бурдан, ба назди худ мақсад гузоштан; мақсади касе ҳосил шудан ниг. ба мақсад (ё муроду мақсад) расидан; мақсад ба даст даромадан мақсади касе амалӣ шудан, ба мақсад расидан; мувофиқи мақсад баромадан тибқи хоҳишу матлаби касе воқеъ шудан; ба мақсад (ё муроду мақсад) расидан мақсади касе иҷро шудан, ба мақсад муваффақ шудан; хоҳишу орзу иҷро шудан; ба сари мақсад омадан ба баёни мақсади асосӣ шурӯъ кардан; дар бораи матлаби асосӣ гап задан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.